26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:35, Душанбе
29.07.2026 17:34

Зеленский аз Трамп кумаки фаврии падофандӣ дархост кард

Раиси ҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, пас аз дидор бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед аз вай хостааст, ки барои муқобилият бо ҳамлаҳои Русия як “бастаи изтирории зимистона” иборат аз мушакҳои раҳгири “Патриот” дар ихтиёри Киев қарор диҳад.

Ба гузориши “Аксиос” (Axios), Зеленский гуфтааст, ки захираҳои мушакҳои раҳгири Украина қариб ба поён расидаанд ва дар сурати дарёфт накардани кумаки фаврӣ, ин кишвар тавони дифоъ аз худ дар баробари мушакҳои баллистикии Русияро аз даст хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, идомаи ин вазъ метавонад дар фасли зимистон ба ҳамлаҳои густурда алайҳи зерсохторҳои энержии Украина роҳ боз кунад: ҳамлаҳое, ки эҳтимол неругоҳҳои барқро аз байн бурда, низоми гармидиҳии миллионҳо шаҳрвандро халалдор созанд ва буҳрони башарӣ ба вуҷуд оваранд.

“Аксиос” навиштааст, ки камбуди мушакҳои раҳгири “Патриот” танҳо ба Украина маҳдуд намешавад. Ба гуфтаи ин расона, захираҳои Иёлоти Муттаҳида низ пас аз даргириҳои ахир бо Эрон коҳиш ёфта ва ҳамин масъала ирсоли ин мушакҳоро ба Киев душвортар кардааст.

Зеленский гуфтааст, ки дар мулоқоти ахираш бо Трамп, ду ҷониб дар бораи иҷозаи тавлиди мушакҳои раҳгири Patriot дар “Патриот” Украина низ гуфтугӯ карданд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, Трамп барои пешбурди ин раванд изҳори омодагӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин, пас аз дидор бо Трамп бо намояндагони ширкатҳои “Lockheed Martin” ва “Raytheon”, тавлидкунандагони мушакҳои “Патриот”, мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳои саноати дифоиро баррасӣ кардааст.

Бо вуҷуди ин, “Аксиос” таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати содир шудани иҷозатнома, тавлиди ҳаҷми зиёди мушакҳои раҳгир аз як то панҷ сол вақт хоҳад гирифт.

Зеленский бо ишора ба ниёзи фаврии кишвараш гуфтааст: “Мо дирӯз ба Патриот ниёз доштем”.

Ба гуфтаи вай, Русия дар ҳар ҳамлаи густурда алайҳи Украина аз “30 то 40 мушаки баллистикӣ” истифода мекунад ва ҳар моҳ “се то панҷ ҳамла” аз ин навъ анҷом медиҳад.

Зеленский афзудааст, ки Трамп ваъда додааст барои расонидани кумак талош хоҳад кард, аммо ҳамзамон таъкид кардааст, ки ба далели ниёзи Иёлоти Муттаҳида ба мушакҳои раҳгир дар дигар ҷабҳаҳо, иҷрои ин дархост осон нахоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.