Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико: Ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ ба мавозеи гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ ҳамла кардем
Артиши Амрико тасдиқ кардааст, ки ҳамроҳ бо неруҳои Арабистони Саудӣ ба мавозеи гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) субҳи чоршанбе, 29-уми июл, дар баёнияе гуфтааст, ки неруҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ рӯзи 28-уми июл ҳамлаҳои дақиқеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқ анҷом додаанд. Ба иддаои СЕНТКОМ, ин гурӯҳҳо аз сӯйи Эрон барои ҳамла ба неруҳои амрикоӣ ва зерсохтҳои энержии Арабистони Саудӣ ҳимоят ва ҳидоят мешаванд.
Дар ин баёния омадааст, ки ҷангандаҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ дар посух ба беш аз 30 ҳамлаи паҳподӣ, ки тайи 72 соати гузашта сурат гирифтааст, чандин мавзеи логистикӣ ва анборҳои аслиҳаи ин гурӯҳҳоро дар шарқи Ироқ ҳадаф қарор додаанд.
СЕНТКОМ ҳамчунин, иддао кардааст, ки ҳамлаҳои ахир ба неруҳои амрикоӣ ноком будааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз моҳи феврал то апрели соли 2026 гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ беш аз 600 ҳамлаи номуваффақро алайҳи шаҳрвандон ва таъсисоти Амрико анҷом додаанд.
Дар поёни баёния омадааст, ки Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатии он бояд ин ҳамлаҳоро мутаваққиф созанд, то аз вокуниши низомии бештари Амрико ҷилавгирӣ шавад.
Пеш аз интишори ин баёния, расонаҳои ироқӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳҳои неруҳои “Ҳашд аш- Шаъбӣ” дар вилоятҳои Басра, Найнаво, Восит ва Карбало хабар дода буданд. То кунун мақомоти Ироқ ва гурӯҳҳои ҳадаф қароргирифта дар бораи ин ҳамлаҳо ё иддаоҳои СЕНТКОМ вокунише нишон надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”