27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
28.07.2026 19:19

Духтараке, ки бо наққошиаш ба харобиҳои ҷанг садои кӯдакони Ғаззаро ба гӯши ҷаҳон расонд

Лиён ал-Ғуғо, духтари 11-солаи фаластинӣ, бо кашидани наққошиҳо ба рӯйи харобаҳои ҷанг тавонист паёми кӯдакони Ғаззаро ба берун аз марзҳо расонад. Пас аз ин, Педро Санчес, нахуствазири Испания, дар як паёми видеоӣ аз ин кӯдаки ҳунарманд сипосгузорӣ карда, ба кӯдакони Ғазза гуфтааст: “Шуморо танҳо намегузорем”.

Лиён, ки дар шаҳри Ғазза зиндагӣ мекунад, ҳангоми кашидани акси девории Педро Санчес бар деворҳои харобшудаи ин минтақа ҳаргиз фикр намекард, ки кори ӯ ба Мадрид мерасад.

Чанд рӯз баъд, Санчес дар як паёми видеоӣ бо номи Лиён аз ӯ ташаккур кард ва ба ӯву дигар кӯдакони Ғазза гуфт, ки Испания “шуморо мешунавад, мебинад, ба ёди шумост ва фаромӯшатон намекунад”.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, барои Лиён ин посух танҳо қадрдонӣ аз як асари ҳунарӣ набуд, балки далеле буд, ки садои кӯдакони Ғазза метавонад аз миёни харобиҳои атрофашон ба ҷаҳон бирасад.

Лиён ба Анадолу гуфтааст: “Шок шуда будам ва бисёр хушҳол шудам. Ҳеч гоҳ тасаввур намекардам, ки як нахуствазир наққошии маро бинад, барои ман видео сабт кунад ва ҳатто номамро бигӯяд. Ин ғайриимкон ба назар мерасид. Ин яке аз хуштарин лаҳзаҳои зиндагии ман буд ва ба ман умед дод, ки садои мо метавонад ба ҷаҳон бирасад”.

Ин наққошӣ ба рӯйи деворҳо бо ҳамроҳии дигар ҳунармандони маҳаллӣ ба нишонаи сипос аз Испания кашида шудааст: кишваре, ки ба яке аз мунтақидони сарсахти ҷанги Исроил алайҳи Ғазза дар Аврупо табдил шудааст, борҳо хостори оташбас шуда ва давлати Фаластинро ба расмият шинохтааст.

Санчес дар паёми видеоии худ аз ҳунармандон барои он чӣ “иқдоми зебои онҳо” номид, ташаккур карда ва изҳори умедворӣ кардааст, ки кӯдакони Ғазза рӯзе “бидуни тарс ба мактабҳои худ баргарданд, наққошӣ кунанд ва ояндаеро бо сулҳ зиндагӣ намоянд”.

“Ба Ғазза ва мардумаш ситам шудааст”

Бар асоси ин гузориш, ҷанг дар Ғазза зиндагии Лиён ва ҳазорон кӯдаки дигарро тағйир додааст. Ӯ мегӯяд, ки наққошӣ барои ӯ танҳо як фароғати ҳунарӣ нест, балки ҳар тасвир қиссаи як талафотро нақл мекунад.

Лиён гуфтааст: “Мехоҳам наққошиам бигӯяд: ба ситам алайҳи Ғазза хотима диҳед. Мо бидуни он ки кори нодурусте анҷом дода бошем, бисёр азият кашидем. Мо ҳама чизро аз даст додем. Мо кӯдакони бегуноҳем”.

Ӯ афзудааст: “Оилаам хонаамонро аз даст дод ва ман ҳам гурбаҳои дӯстдоштаамро аз даст додам. Падарам пас аз 23 соли кори содиқона корашро дар УНРВА аз даст дод, бо вуҷуди он ки ҳеч кори нодурусте накарда буд. Мехоҳам ҷаҳон бидонад, ки пушти ҳар наққошӣ як қиссаи воқеӣ ва як дарди воқеӣ вуҷуд дорад”.

Бар асоси гузориш, Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки УНРВА ба далели камбуди шадиди буҷа ва маҳдудиятҳои Исроил ба “марҳилаи фурӯпошӣ” наздик мешавад.

Бо вуҷуди тақрибан се соли зиндагӣ дар шароити ҷанг, Лиён намегузорад, ки ҷанг ояндаи ӯро муайян кунад.

Ӯ мегӯяд: “Бузургтарин орзуям ин аст, ки мисли кӯдакони дигар дар саросари ҷаҳон зиндагӣ кунам. Ҳамчунин, орзу дорам як академияи ҳунарӣ боз кунам, ки дар он ба кӯдакон наққошӣ омӯзонам ва ба онҳо кумак кунам, то худро баён кунанд ва бар тарсҳое, ки таҷриба кардаанд, ғолиб оянд”.

Лиён барои кӯдаконе, ки дар дигар кишварҳо бо сахтиҳо рӯбарӯ ҳастанд, паёме дорад: “Қавӣ бошед, ҳаргиз умедатонро аз даст надиҳед ва ҳамеша ба Худо таваккал кунед. Рӯзҳои беҳтар хоҳанд омад”.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, бахши бузурге аз сокинони Ғазза ҳамчунон овора ҳастанд ва садҳо ҳазор кӯдаки синни мактабӣ аз таҳсили расмӣ маҳрум мондаанд.

Вақте аз Лиён пурсида шуд, агар имкони сухан гуфтан бо раҳбарони ҷаҳонро пайдо кунад, чӣ хоҳад гуфт, посухаш сода буд: “Ба онҳо мегӯям, ки ба Ғазза ва мардумаш ситам шудааст. Мо бегуноҳем. Чаро ин қадар вақт моро танҳо гузоштед? Лутфан, садои моро бишнавед ва аз кӯдаконе, ки танҳо мехоҳанд дар сулҳ зиндагӣ кунанд, муҳофизат кунед”.

Лиён мегӯяд, монанди ҳазорон кӯдаки дигар дар Ғазза, ҷанг тамоми паҳлуҳои зиндагии ӯро дигар кардааст.

Ӯ меафзояд: “Ҳама чиз тағйир ёфт. Хонаамон вайрон шуд, бисёре аз орзуҳоямон аз байн рафт ва ҳатто кори падарам, ки танҳо умеди оилаамон буд, аз даст рафт”.

Бо вуҷуди ин, Лиён ҳанӯз ҳам наққошӣ мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳунар ба вай умед медиҳад ва кумак мекунад, то қиссаи мардумашро бо ҷаҳон ба ҳам бипайвандад.

Ӯ аз мардуми ҷаҳон хостааст: “Лутфан, кумак кунед, то тасвири воқеии Ғазза ба дигарон расонда шавад. Аз ҳамаи касоне, ки дар паҳлуи мо меистанд, моро ҳимоят мекунанд ва қиссаи моро зинда нигоҳ медоранд, сипосгузорам. Меҳрубонии шумо ба мо умед медиҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.