Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чор рӯзи оянда дар баъзе минтақаҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 29-уми июл то 1-уми августи соли равон дар бархе минтақаҳо хавфи сар задани сел пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ мегардад.
Афзуда мешавад, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта мешавад.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дастур додааст, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ дошта, ҳамоҳангиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшида, дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзиро ташкил намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”