27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:25, Душанбе
28.07.2026 14:04

“Бадтарин шароити Фаронса” аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон

Ҳамзамон бо наздик шудани мавҷи нави гармо ба ҷануби Аврупо, сӯхторҳои густурда дар Фаронса ва Испания ҳамчунон аз назорат хориҷ шудаанд. Мақомоти ду кишвар ҳушдор додаанд, ки болоравии ҳарорат кори хомӯш кардани сӯхторҳоро душвортар карда, хатари сар задани сӯхторҳои навро ба таври ҷиддӣ афзоиш хоҳад дод.

Оташнишонони Фаронса ва Испания талош доранд пеш аз фаро расидани мавҷи нави гармо, сӯхторҳои бузургеро, ки қисматҳои густурдае аз минтақаи Баҳри Миёназаминро фаро гирифтаанд, хомӯш кунанд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, зимни боздид аз маркази фармондеҳии амалиёти хомӯш кардани сӯхтор дар минтақаи Жиронда гуфтааст, ки шароит дар рӯзҳои оянда душвортар хоҳад шуд.

Ӯ бо ишора ба рух додани “тӯфонҳои оташ” дар ин минтақа гуфтааст: “Мо бо сахттарин шароите рӯбарӯ ҳастем, ки аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон то кунун таҷриба кардаем”. Макрон ҳамчунин, ёдовар шудааст, ки авҷи мавсими сӯхторҳо, ки одатан дар моҳи август рух медиҳад, ҳанӯз фаро нарасидааст.

Дар Фаронса то кунун беш аз 250 ҳазор нафар аз минтақаҳои хатарнок кӯчонида шудаанд. Сӯхтори бузурге, ки ба атрофи шаҳри Бордо расидааст, ба бузургтарин сӯхтори сабтшуда дар ин кишвар табдил ёфтааст. Дар Испания низ бузургтарин сӯхтор дар таърихи ин кишвар беш аз 90 ҳазор нафарро маҷбур кардааст, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Гармии 42-дараҷаӣ наздик аст

Созмонҳои ҳавошиносии Фаронса ва Испания ҳушдор додаанд, ки мавҷи нави гармо бо ҳарорати то 42 дараҷа дар рӯзҳои оянда амалиёти хомӯш кардани сӯхторҳоро боз ҳам мушкилтар карда, эҳтимоли сар задани сӯхторҳои навро ба сатҳи хеле баланд хоҳад расонд.

Педро Санчес, нахуствазири Испания, зимни боздид аз маркази фармондеҳии оташнишонӣ гуфтааст: “Соатҳои душвор дар пешанд ва авлавияти асосӣ ҳифзи ҷони мардум ва минтақаҳои истиқоматӣ мебошад”.

Ӯ таъкид кардааст: “Бӯҳрони иқлимӣ ва афзоиши пайвастаи ҳарорат ҳар сол густариш ва шиддати оташсӯзиҳои ҷангалиро ба сурати бесобиқа афзоиш додааст”.

Дар бархе минтақаҳо ба даҳҳо ҳазор нафар дастур дода шудааст, ки бо сабаби паҳн шудани дуди ғафс ва заҳрноки сӯхторҳо дар хонаҳои худ бимонанд.

Илова бар сӯхторҳои густурдаи Жиронда, ки гуфта мешавад бар асари фаъолияти тасодуфии як дастгоҳи поксозии рӯйиши гиёҳӣ оғоз шудааст, неруҳои оташнишонии Фаронса дар минтақаҳои Корсику, Вар, Ланд ва От-Алп низ бо сӯхторҳои хатарнок мубориза мебаранд.

Дар Испания низ сӯхторҳо дар минтақаҳои Толедо, Авила ва қисмати ғарбии минтақаи Мадрид дар ҳоли густариш мебошанд.

Ҳукумати Испания барои пешгирӣ аз сар задани сӯхторҳои нав истифодаи мошинолоти кишоварзиро дар минтақаҳои буҳронӣ манъ кардааст. Дар Фаронса низ ҷангалҳои ҷанубу ғарби кишвар дар вазъи “ҳушдори сиёҳ” қарор гирифта, вуруди гардишгарон ва истифодаи ҳар гуна муҳаррик дар ин минтақаҳо мамнуъ шудааст.

Лоран Нунес, вазири корҳои дохилии Фаронса, пас аз нишасти изтирории ҳукумат сӯхторҳои имсоларо “комилан истисноӣ” тавсиф кардааст. Аз аввали сол то кунун беш аз 116 ҳазор гектар ҷангал дар Фаронса ба коми оташ рафтааст, ки ин рақам аз 70 ҳазор гектаре, ки дар тамоми соли 2025 сӯхта буд, хеле бештар аст.

Ҳукумати Испания низ эълом кардааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун 172 ҳазор гектар ҷангал дар ин кишвар нобуд шудааст: рақаме, ки шаш баробар бештар аз ҳамин давраи соли 2025 мебошад.

Моник Барбо, вазири муҳити зисти Фаронса, гуфтааст, ки ҳанӯз омори дақиқе аз хисороти воридшуда ба олами ҳайвонот дар даст нест, аммо таъкид кардааст: “Комилан равшан аст, ки то поёни тобистон бо оморҳои фоҷиабор рӯбарӯ хоҳем шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.