Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷанги Украина: аз дидори Зеленский ва Бернем то сарнагун кардани 390 паҳпод дар осмони Маскав
Дар пасманзари идомаи ҷанги Украина ва Русия, шаҳрдори Маскав эълом кардааст, ки ҳамлаи шабонаи Украина бо истифода аз 390 паҳпод ба пойтахти Русия бузургтарин ҳамлаи ҳавоии ин кишвар ба Маскав дар тобистони соли ҷорӣ будааст.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, гуфтааст, ки аз шаби гузашта то субҳи имрӯз беш аз 390 паҳподи украинӣ ба самти мавқеъҳои Русия дар вилояти Маскав партоб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ин паҳподҳо дар фосилаҳои дур аз пойтахт ошкор ва нобуд шудаанд, аммо 81-тои он ҳангоми наздик шудан ба Маскав аз ҷониби низомҳои дифои ҳавоӣ сарнагун шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаи “Киев Индепендент” гузориш додааст, ки дар ҳамлаҳои шабона паҳподҳои украинӣ як корхонаи тавлиди сохторҳои пӯлодиро дар шаҳри Чехов, воқеъ дар вилояти Маскав, ҳадаф қарор додаанд.
Андрей Воробёв, раиси вилояти Маскав, гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла як бинои истиқоматӣ низ осеб дидааст.
Ҳамзамон, гузоришҳо нишон медиҳанд, ки нимҷазираи Қрим низ дар пайи ин ҳамлаҳо бо қатъи густардаи барқ рӯбарӯ шудааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки 356 паҳподи дигар дар минтақаҳои гуногуни Русия нобуд шудаанд.
Родион Мирошник, намояндаи вижаи Русия дар умури ҷанги Украина, ахиран дар гузорише гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои Украина ба Русия дар ҳафтаи гузашта 57 нафар, аз ҷумла ҳафт кӯдак кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бештари талафоти ғайринизомиён дар минтақаҳои Белгород, Луганск, Донетск ва Херсон сабт шудааст.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳамлаҳои Украина дар ҳафтаҳои охир шиддат гирифтаанд ва мушакҳо ва паҳподҳои ин кишвар тақрибан ҳар рӯз зерсохторҳоеро дар қаламрави Русия ва минтақаҳои даргир ҳадаф қарор медиҳанд.
Дар ҳамин замина, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар дидор бо нахуствазири нави Британия Энди Бернем масъалаи густариши ҳамкориҳои муштараки паҳподӣ ва дифоиро баррасӣ кардааст.
Гузориши “Франс 24” мегӯяд, ки Бернем рӯзи душанбе мизбони Зеленский будааст. Ду тараф дар ин мулоқот дар бораи тарҳҳои муштараки тавлид ва рушди паҳподҳо ва ҳамчунин, ниёзи фаврии Украина ба мушакҳои раҳгир барои муқобилият бо ҳамлаҳои Русия гуфтугӯ кардаанд.
Ин нахустин дидори Бернем бо як раҳбари хориҷӣ пас аз оғози фаъолияти ӯ ба ҳайси нахуствазири Бритониё будааст. Ӯ дар ин мулоқот бар “ҳимояти бетаваққуфи” Лондон аз Киев таъкид кардааст.
Интизор меравад, ки Владимир Зеленский имрӯз (сешанбе) бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ, низ дидор кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”