Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикстандарт: “Обҳои ташнашиканро аз зери шуоъҳои офтоб харидорӣ накунед!”
Агентии Тоҷикстандарт бо нашри иттилоияе ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз харидории об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири бевоситаи нурҳои офтоб бедоштани ашёи муҳофизатӣ нигоҳ дошта мешаванд, худдорӣ намоянд.
Манбаъ навиштааст, ки нигоҳдории тӯлонии об ва нӯшокиҳо дар зери таъсири бевоситаи нурҳои офтоб ва ҳарорати баланди ҳаво метавонад ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, аз харидории маҳсулоте, ки муддати дароз дар ҷойҳои гарм ва зери нури мустақими офтоб бе воситаҳои муҳофизатӣ нигоҳ дошта шудаанд, худдорӣ намудан ба манфиати саломатии истеъмолкунанда мебошад.
Масъулин изҳори нигаронӣ кардаанд, ки мушоҳида мешавад, ки нӯшокиҳои ташнашикан ва ширину газдор дар нуқтаҳои фурӯш ё анборҳо зери таъсири мустақими нурҳои офтоб ва ҳарорати баланди ҳаво нигоҳ дошта мешаванд.
“Ба соҳибкорон ва фурӯшандагон низ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши обҳои нӯшокӣ ва нӯшокиҳои ширину газдор талаботи муқарраргардидаи бехатарии маҳсулотро қатъиян риоя намоянд. Маҳсулот бояд дар ҷойҳои салқин ва аз таъсири бевоситаи нурҳои офтоб муҳофизатшуда нигоҳ дошта шавад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”