Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал густариши шаҳракҳои исроилиро дар Каронаи Бохтарии Фаластин маҳкум кард
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, барномаи суръат бахшидани рушди шаҳракҳои исроилиро дар Каронаи Бохтарӣ дар Фаластин маҳкум кардааст.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи сешанбе, 28-уми июл, гузориш додааст, ки Гутерриш ин мавзуъро дар баёнияе, ки рӯзи гузашта нашр шуд, баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Гутерриш гуфтааст, ки шаҳракҳои исроилӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ “ҳеч эътибори қонунӣ” надоранд ва “нақзи ошкор”-и қонунҳои байналмилалӣ мебошанд.
Интиқоди ӯ дар авҷи ташдиди хушунат дар Каронаи Бохтарӣ ва барномаҳои Исроил барои қонунӣ кардани шаҳракҳои мавҷуд ва эҷоди шаҳракҳои нав матраҳ шудааст.
Гутерриш гуфтааст, ки шаҳракҳо ҳамчунон монеаи аслии роҳи ҳалли дудавлатӣ ва “сулҳи одилона, пойдор ва ҷомеъ” байни исроилиҳо ва фаластиниҳо мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”