27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
27.07.2026 19:40

Путин: “Душманони Русия ба равишҳои ошкори террористӣ рӯ овардаанд”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, ки мухолифон ва душманони ин кишвар пас аз нокомӣ дар шикасти Русия дар майдони ҷанг, ба “равишҳои ошкори террористӣ” алайҳи мардуми Русия рӯ овардаанд. Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки Маскав ба тамоми ҳадафҳои низомии худ дар ҷанги Украина хоҳад расид ва барои посухи қотеъ ба ҳар гуна иқдоми душманона омода аст.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Путин рӯзи душанбе, 27-уми июл дар дидор бо намояндагони Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки талошҳои рақибони Маскав барои шикаст додани Русия дар майдони набард натиҷа надодааст ва онҳо акнун ба гуфтаи ӯ, аз усулҳои террористӣ истифода мекунанд.

Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст: “Онҳое, ки натавонистанд Русияро дар майдони ҷанг шикаст диҳанд, акнун дар муқобили мардуми мо ба равишҳои ошкори террористӣ рӯ овардаанд”. Ӯ афзудааст, ки мардуми Русия ҳеч гоҳ аз ҷониби ҳеч кас шикаст нахоҳанд хӯрд.

Путин ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Русия ба тамоми ҳадафҳои низомии худ дар ҷанги Украина даст хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Русия дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатӣ барои муқобилият бо ҳар гуна иқдоми душманона омодагии комил дорад.

Ӯ дар поёни суханронии худ гуфтааст: “Мо барои дифоъ аз кишвари худ омодаем ва ҳамроҳ бо ҷомеаи Русия метавонем ба ҳар иқдоми душманона посухи қотеъ диҳем”.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.