27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
27.07.2026 19:25

Тошканд аз омодагӣ барои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзии Афғонистон хабар дод

Атоуллоҳ Умарӣ, вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории гурӯҳи террористии Толибон, бо Ҷамшед Хоҷаев, муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидор кардааст.

Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Толибон рӯзи душанбе, 27-уми июл, дар хабарномае гуфта, ки ду тараф дар бораи густариши равобити дуҷониба суҳбат кардаанд.

Бар асоси ин хабарнома, муовини сарвазири Ӯзбекистон низ гуфтааст, ки Тошканд барои ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва иҷрои тарҳҳои муштарак омода аст.

Ба гуфтаи Толибон, дар ин дидор имкониятҳои мавҷуд дар бахшҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва обёрии Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак баррасӣ шудаанд.

Ин дидор дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити гурӯҳи террористии Толибон ва Ӯзбекистон пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар Афғонистон дар соли 2021, ба вижа дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитӣ, густариш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.