Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
“Сомон Эйр” бо исми Абуалӣ ибни Сино нахустин ҳавопаймои “Boeing 737-8 MAX”-ро вориди Тоҷикистон кард
Нахустин ҳавопаймои нави “Boeing 737-8 MAX” ба парки ҳавопаймоии ширкати “Сомон Эйр” ворид шуд. Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ҳавопаймо барои густариши хатсайрҳои байналмилалӣ, афзоиши шумораи парвозҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон истифода хоҳад шуд.
Рӯзи 27-уми июл Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳавопаймои нав ба номи донишманд ва табиби маъруфи тоҷик Абуалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст.
Мақомот ворид шудани ин ҳавопайморо натиҷаи ҳимоят ва таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки солҳои охир барои навсозии паркҳои ҳавопаймоӣ ва густариши иртиботи ҳавоӣ тадбирҳои гуногун амалӣ шудаанд.
Тибқи нақша, Boeing 737-8 MAX дар марҳилаи аввал дар хатсайрҳои байналмилалии Душанбе – Сеул, Душанбе – Пекин, Душанбе – Минск ва Душанбе – Лондон ба парвоз шуруъ мекунад. Мақомот мегӯянд, ки баъдан ҳавопаймо дар дигар самтҳои байналмилалӣ низ истифода хоҳад шуд.
Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки то поёни моҳи августи соли ҷорӣ боз як ҳавопаймои нави “Boeing 737-8 MAX” ба парки “Сомон Эйр” ворид хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин иқдом дар чорчӯби Барномаи давлатии рушди авиатсияи гражданӣ ва сиёсати “Осмони кушод” сурат гирифта, барои афзоиши имконоти ҳамлу нақли ҳавоӣ замина фароҳам хоҳад кард.
Ширкати “Сомон Эйр” бузургтарин интиқолдиҳандаи ҳавоии Тоҷикистон ба шумор меравад ва солҳои охир барои тавсеаи шабакаи парвозҳои байналмилалии худ талош дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”