Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе як фолбинро бо се муштариаш ҷарима карданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки кормандони шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як фолбинро ҳамроҳ бо се муштариаш боздошт намуданд.
Дар иттилоия омадааст, ки Исакова Дилбар, соли таваллудаш 1973, муддати тӯлонӣ машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро пешаи худ намуда, бо истифода аз қайчию шона, риштаю сӯзан, лезва, об, корд ва расми шаҳрвандон ин амалҳои нангинро иҷро намуда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Исакова Д. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардид.
Ҳамчунин, нисбат ба се муштариаш Таманнои Рустам, Давлатова Ҳатифӣ ва Усмонова Аманда бо моддаи 482 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҳар кадоми онҳо ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3900 сомонӣ ҷарима шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”