Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бақоӣ: “Намегузорем, ки Амрико замони ҷанг ва сулҳро муайян кунад”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, Теҳрон ба Амрико иҷоза нахоҳад дод, ки замони ҷанг ва сулҳро муайян кунад ва Эрон то ҳар замоне, ки зарур бошад, аз худ дифоъ хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Бақоӣ рӯзи душанбе, 27-уми июл дар нишасти ҳафтаинаи матбуотии худ бо хабарнигорон суханронӣ карда ва ба мавзуъҳои мухталифи сиёсати хориҷии Эрон, аз ҷумла танишҳо бо Амрико, ҷанги Украина, танишҳо дар тангаи Ҳурмуз ва равобит бо кишварҳои минтақа ишора кардааст.
Вай дар бораи эҳтимоли музокироти Эрон ва Амрико гуфтааст, ки “дархости музокирот аз сӯйи Эрон хабарсозӣ аст” ва Теҳрон ҳеч гуфтугӯи мустақим бо Вашингтон надорад. Ба гуфтаи ӯ, тамосҳо танҳо аз тариқи миёнаравҳо сурат гирифта, музокироти кунунӣ бо Умон ба масъалаи идораи киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз марбут аст.
“Амрико бояд мисли як давлати масъул рафтор кунад”
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки рафтори Амрико дар солҳои охир ба гуфтаи ӯ “монанди як гурӯҳи мафиёӣ” будааст ва Вашингтон бояд ҳамчун як давлати масъул рафтор карданро омӯзад.
Бақоӣ таъкид кардааст, ки оромии нисбӣ дар рӯзҳои охир натиҷаи иқдоми неруҳои мусаллаҳи Эрон буда ва афзудааст, ки ҳамла ба зерсохтҳои кишвар метавонад “ҷинояти ҷангӣ” бошад.
Таниш дар тангаи Ҳурмуз ва музокирот бо Умон
Бақоӣ гуфтааст, ки вазъияти тангаи Ҳурмуз ба далели “ноамнии таҳмилшудаи Амрико” тағйир накардааст. Ба гуфтаи ӯ, музокироти Эрон бо Умон ба Амрико иртибот надорад ва ду кишвар талош доранд барои киштиронии амн дар ин минтақа низоми муайян ҷорӣ кунанд.
Вай ҳамчунин, гуфтааст, ки иқдомҳои Амрико ва бархе кишварҳои минтақа барои тағйири масири киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз “иқдоми таҳриккунанда” аст.
“Моҷароҷӯии Украина бе посух нахоҳад монд”
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар бораи ҳамлаи Украина ба як киштии эронӣ гуфтааст, ки ин иқдом “моҷароҷӯии хатарнок” аст ва бе посух нахоҳад монд.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое, ки аз Украина ҳимоят мекунанд, бояд дар ин маврид посухгӯ бошанд. Бақоӣ таъкид кардааст, ки Украина худро ба абзори ихтилофоти геополитикии қудратҳо табдил додааст.
Таниш бо кишварҳои Ғарб
Бақоӣ дар бораи ҳамкории Британия бо Амрико алайҳи Эрон гуфтааст, ки истифодаи пойгоҳҳои низомии Британия барои иқдомҳои зидди Эрон хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст.
Вай ҳамчунин, дар бораи тасмими Британия алайҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфтааст, ки ин иқдом сиёсӣ ва хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва Эрон барои рӯбарӯ шудан бо он тадбирҳои заруриро хоҳад гирифт.
Равобит бо кишварҳои минтақа ва Чин
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки Теҳрон хоҳони равобити хуб бо кишварҳои минтақа аст, аммо аз баъзе кишварҳои Халиҷи Форс хостааст, ки аз ҳамкорӣ бо Амрико дар иқдомҳои зидди Эрон даст бардоранд.
Вай ҳамчунин, Чинро “шарики стратегии Эрон” хонда ва гуфтааст, ки ду кишвар ҳам манофеи муштарак ва ҳам нигарониҳои муштарак доранд.
Бақоӣ дар поёни суханонаш таъкид кардааст, ки Эрон аз асли манофеи миллӣ ва мавзеъҳои худ кӯтоҳ нахоҳад омад ва ба гуфтаи ӯ, нақзи уҳдадориҳои Амрико набояд сабаби ихтилофҳои дохилӣ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”