27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
27.07.2026 13:43

Вазири дифои Ҳинд: Деҳлӣ музокирот бо Исломободро дар дастури кор надорад

Вазири дифои Ҳинд Раҷнатх Сингх гуфтааст, ки ҳеч гуна музокирот бо Покистон дар дастури кори Деҳлӣ қарор надорад ва агар гуфтугӯе миёни ду кишвар сурат бигирад, он танҳо дар мавриди масъалаи Кашмир хоҳад буд.

Ба гузориши рӯзномаи “Индиа Экспресс” (India Express), Раҷнатх Сингх дар маросими ёдбуди ҷанги Каргил бо ҳушдор ба Покистон дар бораи ҳар гуна иқдоми танишзо гуфтааст, ки Ҳинд дар сурати ҳар иқдоми Покистон бо ҳамон равиши стратегии гузашта посух хоҳад дод.

Ӯ афзудааст: “Мехоҳам паёми рӯшане бирасонам. Ҳар иқдоме, ки бо ҳадафи заъиф кардани ҳокимияти Ҳинд анҷом шавад, бо посухе монанди он чӣ дар амалиёти “Синдур” рух дод, рӯбарӯ хоҳад шуд”.

Сингх ҳамчунин, Покистонро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карда ва иддао кардааст, ки дар ҳоле ки Ҳинд ба тавсеа ва пешрафти фанноварӣ тамаркуз дорад, Покистон ҳамчунон ба ҳимоят аз терроризм, ифротгароӣ ва нуфуз идома медиҳад.

Вазири дифои Ҳинд гуфтааст, ки Деҳлӣ дигар миёни омилони ҳамлаҳои террористӣ ва сохторҳои ҳомии онҳо тафовуте қоил нахоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин, иддао кардааст: “Покистон терроризмро ба бахше аз сиёсати худ табдил додааст ва артиши ин кишвар аз гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят мекунад ва бо онҳо ҳамкорӣ дорад”. Сингх гуфтааст, ки Ҳинд дар ҷараёни амалиёти “Синдур” ин равишро ба рӯшанӣ эълом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои покистонӣ ба нақл аз мақомоти ин кишвар гузориш додаанд, ки Исломобод ҳамеша хостори гуфтугӯ бо Ҳинд барои ҳалли ихтилофот, аз ҷумла масъалаи Кашмир, будааст. Покистон ҳамзамон иттиҳомҳои Деҳлӣ дар бораи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористиро рад карда ва мутақобилан Ҳиндро ба ҳимоят аз он чӣ “терроризми фаромарзӣ” меномад, муттаҳам кардааст.

Ҳинд ва Покистон аз замони истиқлол аз Бритония дар соли 1947 бар сари минтақаи Кашмир ихтилоф доранд ва то кунун чандин бор бар сари ин минтақа вориди ҷанг ва даргириҳои низомӣ шудаанд. Ҳар ду кишвар иддаои соҳибихтиёрӣ бар тамоми Кашмирро доранд, аммо ҳар яке бахше аз ин минтақаро таҳти назорат доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.