Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зеленский аз боз шудани ҷабҳаи нави ҷанг бо Эрон изҳори нигаронӣ кард
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, аз эҳтимоли густариши ҷанг бо Эрон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки умедвор аст Теҳрон алайҳи Украина иқдоми низомӣ анҷом надиҳад.
Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи “Скай Нюз” (Sky News) ҳамзамон ҳамлаи паҳподии Украина ба як шиновари эронӣ дар Баҳри Хазарро, ки ба кушта шудани як маллоҳ анҷомид, чунин тавҷеҳ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, Эрон қаблан низ алайҳи Украина иқдом кардааст.
Раиси ҷумҳури Украина иддао кардааст, ки Эрон бо ирсоли таслиҳот ба Русия дар ҷанги Украина саҳм гирифтааст. Ӯ гуфтааст: “Эрон бо таъмини силоҳ барои Русия, аз пеш ба мо ҳамла кардааст. Кореяи Шимолӣ низ дар ин ҷанг алайҳи Украина ширкат доштааст”.
Бо ин ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун борҳо ҳар гуна мушорикат дар ҷанг алайҳи Украинаро рад кардааст.
Зеленский бо ишора ба эҳтимоли ташдиди танишҳо гуфтааст, ки бояд аз боз шудани ҷабҳаи нави ҷанг ҷилавгирӣ шавад, аммо ҳамаи тарафҳо бояд барои ҳар сенарияи эҳтимолӣ омода бошанд.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки аз оғози ҷанг ва бидуни ҳеч иқдоме аз сӯйи Киев, Эрон ба Русия таслиҳот додааст ва ба ҳамин далел, ба гуфтаи вай, наметавон ба Теҳрон эътимод кард.
Изҳороти Зеленский дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар бораи ҳамлаи Украина ба шиновари эронӣ гуфтааст, ки ин “иқдоми фурсатталабонаи мақомоти мустақар дар Киев беҷавоб нахоҳад монд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”