Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Маҳмуд Аббос хостори иқдоми байналмилалӣ барои таваққуфи ҳамлаҳои исроилиҳо алайҳи Фаластин шуд
Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, аз раҳбарони ҷаҳон хостааст барои таваққуфи ҳамлаҳои фузояндаи неруҳо ва шаҳракнишинони исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ иқдом кунанд.
Шабакаи “Ал-Ҷазира”, бомдоди душанбе, 27-уми июл, гузориш додааст, ки Маҳмуд Аббос номаҳое ба чандин раҳбар аз кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо, дабири кулли Иттиҳоди Араб ва Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ирсол кардааст.
Бар асоси гузориш, Аббос дар номаҳои худ гуфтааст, ки сарзаминҳои ишғолии Фаластин шоҳиди “ташдиди хатарнок”-и танишҳо ҳастанд ва “вазъият фаротар аз ҳаводиси хушунатомези рафтааст”.
Ӯ инро “сиёсати систематикии Исроил бо ҳадафи эҷоди воқеиятҳои нав дар саҳна аз тариқи густариши шаҳраксозӣ, ташдиди хушунати истиъморӣ ва тазъифи иқтидори миллии Фаластин” тавсиф кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”