Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҳамлаи ҳусиҳо ба Арабистони Саудӣ киштирониро дар Баҳри Сурх коҳиш додааст
Иттилооти таҳлилии киштиронии “Кеплер” нишон медиҳад, ки трафики киштиронӣ тавассути Бобулмандаб пас аз ҳамлаи ҳусиҳо ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ дар соҳилҳои Баҳри Сурх коҳиш ёфтааст.
“Рейтерз”, бомдоди душанбе, 27-уми июл, гузориш додааст, ки рӯзи гузашта 11 киштии тиҷоратӣ аз тангаи Бобулмандаб убур кардаанд, ки поинтарин сатҳ дар моҳҳои ахир аст.
Бар асоси гузориш, аз ҳафтаи гузашта трафики Баҳри Сурх аз ҷониби ҳусиҳо дар соҳилҳои Яман маҳдуд шуда ва камбуди нафтро, ки дар пайи даргирии Иёлоти Муттаҳида ва Эрон густариш ёфт, афзоиш додааст.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки чаҳор киштӣ, ки рӯзи якшанбе аз Баҳри Сурх хориҷ шудаанд, шомили як нафткаш бо парчами Гонкокг буданд, ки ҳомили ду миллион бушка нафти хоми Арабистони Саудӣ ва Аморот ба бандари Нинбо дар шарқи Чин, як нафткаши ҳомили як миллион бушка нафти хоми Русия ба Чин ва як нафткаш бо ҳудуди 750 ҳазор бушка нафти хоми Арабистони Саудӣ ба Покистон буд.
Ин дар ҳолест, ки таниш миёни Арабистони Саудӣ ва ҳусиҳои Яман доманаи даргирӣ ва танишро аз Халиҷи Форс ба сатҳи густурдатаре аз минтақаи Ховари Миёна густариш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад