Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сироҷиддин Муҳриддин дар Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ иштирок ва суханронӣ кард
24-уми июл дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишаст роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷанбаро дар чорчӯби СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, ки вазирон ҳамчунин маҷмуи лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баррасӣ ва тасдиқ ба нишасти Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳод мешаванд, муҳокима намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Манбаъ меафзояд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш мавқеи кишварро оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва дурнамои таҳкими минбаъдаи он баён намуд. Ӯ инчунин, ба зарурати тақвияти ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ба амният ва таъмини суботу рушди устувор дар фазои СҲШ таъкид кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”