Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Фирори Ҷумъахон аз Кобул: Толибон ӯро барои ҷанг ба Бадахшон фиристодаанд
Манобеи маҳаллӣ аз Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ шоми дирӯз аз Кобул ба Бадахшон рафта, субҳи имрӯз дар ноҳияи (вулусволии) Кӯҳистон дида шудааст.
Манобеи маҳаллӣ рӯзи шанбе, 25-уми июл иддао кардаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ бо пардохти маблағи ҳангуфте тавонистааст аз Кобул ба Бадахшон биравад.
Бар асоси гузоришҳо, қарор аст Ҷумъахон Фотеҳ имрӯз ба рустои Ҷӯйдара дар ноҳияи Нусай бирасад.
Ҳамзамон, бархе манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин иқдоми Толибон як “тактики истихборотӣ” аст ва онҳо талош доранд аз тариқи як бозии истихборотӣ мухолифони худро ҳадаф қарор диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир танишҳо миёни гурӯҳи террористии Толибон ва гурӯҳҳои мухолифи онҳо дар Бадахшон афзоиш ёфтааст.
Пештар Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълом карда буд, ки дар даргириҳои ин ҷабҳа бо Толибон дар ноҳияи Зебоки Бадахшон, дастикам 21 толиб, аз ҷумла чанд фармондеҳи онҳо кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад