Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аврупо дар ҳафтаи охир: аз манъи воридоти маҳсулоти исроилӣ то таҳримҳои нави зидди Маскав
Аврупо дар як ҳафтаи гузашта шоҳиди чандин рӯйдоди муҳим буд: аз тасмими Ҳолланд барои манъи воридоти маҳсулоти истеҳсолшуда дар шаҳракҳои Исроил, то тасвиби бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия ва идомаи буҳрони сӯхторҳои ҷангал дар чанд кишвари ин қора.
Давлати Ҳолланд эълом кард, ки аз моҳи сентябр воридоти маҳсулоти тавлидшуда дар шаҳракҳои исроилӣ дар Каронаи Бохтариро манъ мекунад. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки ин иқдом дар пайи афзоиши хушунатҳо алайҳи фаластиниён ва дар чорчӯби иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи байналмилалии Ҳолланд амалӣ мешавад.
Бо ин тасмим, Ҳолланд ба Ирландия, Белгия ва Испания мепайвандад: кишварҳое, ки пештар маҳдудиятҳое бар тиҷорат бо шаҳракҳои исроилӣ ҷорӣ карда ва давлати Фаластинро низ ба расмият шинохтаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд таъкид кардааст, ки мамнуияти воридот, харидуфурӯш ва муомилаи молҳои истеҳсолшуда дар шаҳракҳои ғайриқонунии исроилӣ дар сарзаминҳои Фаластинро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар дигар нуқтаҳои Аврупо низ рӯйдодҳои муҳимме ба қайд расиданд. Сӯхторҳои густурдаи ҷангал ва гармои шадид дар Фаронса талафоти ҷонӣ бар ҷой гузошт, Иттиҳоди Аврупо бастаи 21-уми таҳримҳои худро алайҳи Русия тасвиб кард ва дар Испания низ сӯхторҳои бузург дар наздикии пойтахт идома ёфтанд.
Афзоиши нархи нафт дар пайи танишҳои Ховари Миёна ва изҳори нигаронии раиси ҷумҳури Украина аз коҳиши таваҷҷуҳи Иёлоти Муттаҳида ба кишвараш низ аз дигар рӯйдодҳои муҳимми ҳафта дар Аврупо буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”