27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
25.07.2026 11:41

Зеленский: “Омодаам тавофуқи сулҳ бо Русияро дар Амрико имзо кунам”

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки омода аст барои имзои тавофуқи сулҳ бо Русия ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад ва ин санадро дар Кохи Сафед ё ҳатто дар иқоматгоҳи шахсии Доналд Трамп дар Мар-а-Лаго ба имзо расонад.

Ба гузориши хабаргузории “Новости”, Зеленский дар мусоҳиба бо Лора Лумер, блогнависи амрикоӣ, ки матни он дар шабакаи иҷтимоии “Х” нашр шудааст, изҳор доштааст, ки омодагии комил барои анҷоми чунин сафарро дорад. Ӯ таъкид кардааст, ки иҷрои ин сафар ҳоло комилан ба тасмими Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, вобаста аст.

Раиси ҷумҳури Украина дар ин мусоҳиба бори дигар бар зарурати барқарории оташбас миёни Киев ва Маскав таъкид карда, гуфтааст, ки поён додани ҳарчи зудтари ҷанг ба нафъи ҳарду кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, анҷоми даргириҳо дар “фардо” ба маротиб беҳтар аз он аст, ки ҷанг барои 15 ё 20 соли дигар идома ёбад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми огоҳ дар Кохи Сафед гуфтааст, ки эҳтимол меравад Доналд Трамп ва Владимир Зеленский рӯзи сешанбе, 28-уми июл, дар Вашингтон бо ҳам мулоқот кунанд. Бо вуҷуди ин, манобеи хабарӣ дар Киев мегӯянд, ки ҳарчанд Зеленский ба баргузории ин дидор таваҷҷуҳи зиёд дорад, тими ӯ то ҳол мунтазири тасдиқи расмии барномаи кории Трамп аз ҷониби Кохи Сафед аст.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки Зеленский дар ҷараёни ҳамин ҳафта ба Амрико сафар мекунад ва қарор аст ин сафар тақрибан як ҳафта идома ёбад.

Аз сӯйи дигар, Зеленский ҳамлаи ахири Русия ба маҳалли баргузории намоишгоҳи саноати дифоӣ дар вилояти Киевро низ тасдиқ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла як чорабинӣ дар минтақаи Буча будааст ва дар ин бора аз Додситони кулли Украина гузориши муфассал талаб кардааст.

Вазорати дифои Русия қаблан эълом карда буд, ки неруҳои ин кишвар ба як иншоот дар канори шаҳри Киев ҳамла кардаанд, ки дар он намоишгоҳи паҳподҳои сохти Украина ва бархе кишварҳои хориҷӣ баргузор мешуд.

Ҳамзамон, раиси ҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа қонунҳои марбут ба тамдиди ҳукумати низомӣ ва ваҳдати ҳатмии низомиро барои 90 рӯзи дигар имзо кардааст. Ин ду санад пас аз имзои раиси ҷумҳур дубора ба парлумони Украина фиристода шудаанд. Вакилони парлумон қаблан дар миёнаҳои моҳи июл бо тамдиди ҳукумати низомӣ ва ваҳдати ҳатмӣ мувофиқат карда буданд.

Ҳукумати низомӣ дар Украина аз 24-уми феврали соли 2022, ҳамзамон бо оғози ҳамлаи густардаи Русия, ҷорӣ шудааст. Як рӯз пас аз он низ Зеленский фармони ваҳдати ҳатмии низомиро имзо кард ва ин тадбир то ҳол чандин маротиба тамдид шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.