Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон эълон шуд
Имшаб натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 эълон карда шуданд.
Тавре ки Маркази миллии тестӣ хабар додааст, тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
Таъкид мегардад, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби дар муҳлати муқарраркардаи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”