Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иттиҳоди Аврупо 6 эронии дигарро низ таҳрим кард
Шурои Иттиҳоди Аврупо бар зидди 6 шаҳрванди эронӣ бо иттиҳоми “нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон” таҳрим ҷорӣ намуд.
Бар асоси баёнияи Шурои Иттиҳоди Аврупо, ки имрӯз, 24-уми июл нашур шуд, 5 додраси додгоҳҳои Инқилоби Исломӣ дар вилоятҳои мухталифи Эрон ба рӯйхати таҳримҳо ворид шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, як хакер ва муҳандиси компютерии эрониро низ таҳрим кардааст.
Тибқи ин таҳримҳо, дороиҳои афроди таҳримшуда дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо масдуд шуда, сафар ба ин кишварҳо барои онҳо манъ мешавад. Ҳамчунин, ироаи ҳар гуна манобеи молӣ ё иқтисодӣ ба афрод ва ниҳодҳои таҳримшуда мамнуъ хоҳад буд.
Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир борҳо таҳримҳои ҳуқуқи башариро алайҳи мақомоти эронӣ ҷорӣ кардааст, Теҳрон ин иқдомҳоро сиёсӣ ва ғайрисозанда хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”