Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири исроилӣ хостори тахриби хонаҳои муборизони фаластинӣ шуд
Вазири амнияти дохилии режими Исроил пас аз кушта шудани як шаҳракнишин ва захмӣ шудани се тани дигар дар як амалиёт дар Каронаи Бохтарӣ, аз артиши ин режим хостааст хонаҳои “муборизони фаластинӣ ва ҳомиёни онҳо”-ро тахриб кунанд.
Ба гузориши “Арм Нюз”, Итамар Бен-Гвир гуфтааст, бояд бо шаҳрҳо ва рустоҳое, ки ҳамлаварон аз онҷо иқдом ба амал мекунанд, ҳамон гуна бархӯрд шавад, ки бо Байт-Ҳанун дар Навори Ғазза сурат гирифтааст.
Ин изҳороти вай ишора ба сиёсати тахриби густардае дорад, ки артиши Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 дар Навори Ғазза дар пеш гирифтааст.
Ин изҳорот баъд аз он матраҳ мешавад, ки рӯзи ҷумъа дар пайи як амалиёти мусаллаҳона дар наздикии шаҳраки Ҳафот Гилъод, ҳамҷавори рустои Тел дар шимоли Ноблус, як шаҳракнишини исроилӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳамзамон, Бесалел Смотрич, вазири молияи режими Исроил, низ аз артиши ин режим хостааст барои “густариши ҳокимият” бо қотеият алайҳи ҳар рустои фаластинӣ, ки аз он амалиёт анҷом мешавад, инчунин, минтақаҳои атрофи он иқдом кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”