Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати хориҷаи Толибон ҳамлаи ҳусиҳои Яманро бар нафткашҳои Арабистон маҳкум кардааст
Вазорати хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон бо нашри баёнияе ҳамлаҳои ҳусиҳоро бар нафткашҳои Арабистон дар Баҳри Сурх маҳкум кардааст.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Толибон, рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл дар сафҳаи “Х” навиштааст, ки Толибон ин ҳамлаҳоро маҳкум мекунанд.
Ӯ аз ҳама тарафҳо хостааст, ки хештандорӣ кунанд ва барои ҳалли танишҳо аз тариқи гуфтугӯ иқдом намоянд.
Ду рӯз пеш ҳусиҳои Яман ду нафткаши Арабистони Саудиро дар Баҳри Сурх ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор доданд.
Бо ин ҳол, гурӯҳи террористии Толибон аз замони тасаллути дубора бар Афғонистон, равобити наздик бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Арабистони Саудӣ барқарор кардаанд, ҳарчанд ҳанӯз ҳеч кишвари арабӣ тасаллути ин гурӯҳро ба расмият намешиносад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”