Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Блогерон дар шаш моҳ 3,9 миллион сомонӣ даромад доштаанд
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир дар мақомоти андоз 130 блогер аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар бештар мебошад.
Манбаъ навиштааст, ки давоми соли ҷорӣ даромади умумии субъектҳое, ки ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд, ба 3,9 млн сомонӣ баробар гардида, маблағи ҳисобшудаи андозҳо аз ҳисоби субъектҳои мазкур 383,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 82 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
“Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ дар нимсолаи 2026, дар фаъолияти субъектҳои ба фаъолияти тиҷорати электронӣ ва блогерӣ машғулбуда ҷамъ ба маблағи 4 670,3 ҳазор сомонӣ эҳтимолияти кам ҳисоб намудани маблағи андозҳо ошкор карда шудааст ва баъд аз дастрас намудани огоҳиномаҳо аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 3529,3 ҳазор сомонӣ андоз ворид гардидааст”, - афзудааст ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ба 26 блогер барои ба сифати андозсупоранда дар қайд гузоштани фаъолияташон огоҳинома дастрас гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”