27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
24.07.2026 09:51

Роберт Малӣ: “Таҳдиди Трамп ба ҷинояти ҷангӣ дар Эрон аз сари ноумедӣ аст”

Роберт Малӣ, намояндаи пешини Иёлоти Муттаҳида дар умури Эрон, гуфтааст, ки таҳдидҳои тозаи Доналд Трамп барои ҳамла ба зерсохтҳои Эрон аз ноумедии ӯ аз таслим нашудани Теҳрон сарчашма мегирад.

Ба гузориши расонаҳо, Малӣ рӯзи чоршанбе бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст, ки раиси ҷумҳури Амрико “аз ин ки Эрон таслими иродаи ӯ намешавад, ноумед шудааст” ва барои пешбурди як ҷанги “ғайриқонунӣ” бори дигар ба ҷинояти ҷангӣ таҳдид мекунад.

Ӯ афзудааст, ҷанге, ки Трамп аз он ҳимоят мекунад, дар пайи ҳали мушкилоте аст, ки ба гуфтаи ӯ худи ҳамон ҷанг ба вуҷуд овардааст. Ба гуфтаи Малӣ, ин ҷанг натавониста раҳбарони Эронро ба ақибнишинӣ водор кунад ва ҳамчунин, барои боз кардани оброҳе пеш бурда мешавад, ки ба гуфтаи ӯ пеш аз оғози даргириҳо баста набуд.

Ин мақоми пешини амрикоӣ вазъияти кунунии ҷанг барои Иёлоти Муттаҳидаро “намоишномаи пуч” тавсиф кардааст.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Доналд Трамп ахиран бори дигар Эронро ба ҳамла ба пулҳо ва неругоҳҳои барқ таҳдид кардааст. Ба гузориши расонаҳо, ин нахустин бор нест, ки ӯ чунин таҳдидеро матраҳ мекунад.

Мақомҳои эронӣ низ пештар дар вокуниш ба чунин изҳорот таъкид карда буданд, ки дар сурати амалӣ шудани чунин ҳамлаҳо, зерсохтҳои Амрико ва ҳампаймонони он дар минтақа ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.