Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: “Ҳеч роҳи ҳалли низомӣ барои буҳронҳои Ховари Миёна вуҷуд надорад”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо ҳушдор дар бораи ташдиди даргириҳо дар Ховари Миёна гуфтааст, ки ҳеч роҳи ҳалли низомӣ барои буҳронҳои минтақа вуҷуд надорад ва дипломатия танҳо роҳи поён додан ба ин даргириҳо аст.
Гутерриш рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, хостори таваққуфи даргириҳо дар Ховари Миёна ва барқарории дубораи озодии киштиронӣ дар тангаҳои Ҳурмуз ва Бобулмандаб шудааст.
Ӯ афзудааст: “Вақте тарафҳо роҳҳалҳои низомиро бар роҳҳалҳои музокиротӣ бартар медонанд, ғайринизомиён қурбон мешаванд”.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳо алайҳи ғайринизомиён ва зерсохтҳоро ғайриқобили қабул дониста ва ҳушдор додааст, ки авзоъ дар минтақа дар ҳоли хориҷ шудан аз контрол аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки даргириҳои низомӣ миёни Амрико ва Эрон ва афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна нигарониҳоро дар бораи густариши доманаи ҷанг дар минтақа афзоиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”