Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Дар ҳоли баррасии ҳамлаи густурда ба Эрон ҳастам”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, иддао кардааст, ки дар ҳоли баррасии азсаргирии амалиётҳои низомии густурда алайҳи Эрон аст.
Трамп рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, ба расонаи “Аксиос” гуфтааст, ки ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии “ҳамлаи густурда” ба Эрон аст.
Ӯ муддаӣ шудааст, ки Теҳрон “ҳанӯз ба андозаи кофӣ дард накашидааст”.
Трамп афзудааст: “Дар ҳоли баррасии як ҳамлаи густурда ҳастам: бузургтар аз ҳар ҳамлае, ки пеш аз ин анҷом шудааст. Ба тасмимгирӣ наздик шудаам. Мо барои он комилан омодаем”.
Раиси ҷумҳури Амрико эътироф кардааст, ки чунин тасмиме паёмадҳое хоҳад дошт, аммо гуфтааст, ки ҳанӯз тасмими ниҳоиро нагирифтааст.
Трамп дар идома муддаӣ шудааст, ки мақомҳои эронӣ “мехоҳанд музокира кунанд”, аммо дар ҳоли ҳозир барои расидан ба тавофуқ омода нестанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”