27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
23.07.2026 12:01

Толибон дар Донишгоҳи Форёби Афғонистон: донишҷӯён бидуни риш иҷозаи дифоъ аз рисолаи хатмро надоранд

Гурӯҳи террористии Толибон дар Донишгоҳи Форёб ба донишҷӯён ҳушдор додаанд, ки дар сурати надоштани риш, иҷозаи дифоъ аз рисолаи хатми худро нахоҳанд дошт ва ҳамчунин, аз таътил маҳрум хоҳанд шуд.

Манобеъ аз Форёби Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе, 22-уми июл дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8-и субҳ”-и кишвар таъйид кардаанд, ки ин дастур аз ҷониби “Кумитаи даъват ва иршод”-и Донишгоҳи Форёб ба донишҷӯён расонида шудааст.

Толибон бо нашри мактубе дастур додаанд, он даста аз донишҷӯёне, ки риши худро бо дастгоҳ кӯтоҳ карда ё тарошида бошанд, иҷозаи дифоъ аз рисолаи хатмро надоранд.

Манобеъ мегӯянд, ин қарор нигарониҳоеро дар миёни бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Форёб ба вуҷуд овардааст.

Ин дар ҳолест, ки пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон, духтарони донишҷӯ аз рафтан ба донишгоҳ манъ шуда ва донишҷӯёни писар бо маҳдудиятҳои шадид аз ҷониби ин гурӯҳ рӯбарӯ шудаанд.

Расонаҳои хабарии Афғонистон пештар бо такя ба манобеи маҳаллии худ гузориш дода буданд, ки теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи Шайх Зайд дар Хӯст, ба далели надоштани риш аз хобгоҳи ин Донишгоҳ хориҷ карда шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.