27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:29, Душанбе
23.07.2026 10:50

Амрико дар ҳоли баррасии тарҳи ҳамла ба Молӣ аст

Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки давлати Доналд Трамп дар ҳоли баррасии тарҳи анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи “Ҷамоат Нусрат ал-Ислом вал-Муслимин” (JNIM) дар кишвари африқоии Молӣ аст.

“Вашингтон Пост”, шаби чоршанбе, гузориш додааст, ки миёни мақомоти аршади давлати Амрико дар бораи иҷрои ин тарҳ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, Себастян Горка, мудири аршади мубориза бо терроризми Шурои амнияти миллии Кохи Сафед, аз ҷумлаи мақомҳое аст, ки аз амалиёти низомӣ алайҳи ин гурӯҳи вобаста ба “Ал-Қоида” ҳимоят мекунад.

Бар асоси гузориш, як мақоми давлати Амрико, ки нахостааст номаш гирифта шавад, эҳтимоли судури иҷозаи ҳамла ба Молиро тасдиқ ё рад накардааст. Ӯ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз давлатҳои шимол ва ғарби Африқо хостааст барои ҳимоят аз талошҳои худ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, таҷҳизот ва хадамоти амрикоиро харанд.

Ин мақом терроризм дар минтақаи Соҳили Африқоро “мушкили чандмиллатӣ” хонда, афзудааст, ки Вашингтон аз шарикони минтақаӣ ва ҳампаймонҳои НАТО мехоҳад аз Иттиҳоди кишварҳои Соҳил дар ҷанги зидди гурӯҳи “Ҷамоат Нусрат ал-Ислом вал-Муслимин” ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳимоят кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико умедвор аст, ки Иттиҳоди кишварҳои Соҳил бар терроризм пирӯз хоҳад шуд, аммо Русияро масъули бад шудани вазъи амниятӣ дар Молӣ донистааст. Ин мақом иддао кардааст, ки Русия нишон додааст, ки шарики амниятии нокоромаде барои Молӣ мебошад.

Вай ҳамчунин, изҳор доштааст, ки Амрико умедвор аст дигар кишварҳои африқоӣ низ ба натиҷаҳои заифи Русия дар мубориза бо терроризм таваҷҷуҳ кунанд.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Амрико соли 2018 гурӯҳи “Ҷамоат Нусрат ал-Ислом вал-Муслимин”-ро ба ҳайси як созмони террористии хориҷӣ феҳрист кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.