27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
23.07.2026 10:40

604 ҳолат. Афзоиши машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар кишвар

Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар кишвар 604 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд.

Афзуда шуд, ки дар шашмоҳаи соли равон машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ афзудааст. Имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин росто, вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон иброз дошт, ки рӯзноманигорон низ бояд корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути матолибашон зиёдтар кунанд, зеро мубориза бо ҷодугарону фолбинон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Маротибаи якум ҷарима ё то 15 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ ва маротибаи дуюм ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.