Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ҷазо ислоҳ накард. Фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бори дуюм дастгир шуд
Мақомоти интизомии пойтахт аз боздошту ҳабси дуюмбораи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Меҳрона Пирумшозода, ки бо тахаллуси Ҷонона Олимова шинохта шудааст, хабар дод.
Дар иттилоия омадааст, ки Меҳрона Пирумшозода, соли таваллудаш 2003, зодаи ноҳияи Нуробод ва муввақатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён ва ба даст овардани маблағи муфт, наворҳои ғайриахлоқӣ ва аксу наворҳои нимурён нашр мекард.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба муҳлати 10 шабонаруз ҳабси маъмурӣ тадбиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки бори дуюм аст, ки мақомоти интизомӣ Меҳрона Пирумшозодаро барои нашри аксу наворҳои ғайриахлоқӣ дастгир мекунад, вале пас аз адои ҷазо номбурда боз ба кораш бармегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад