Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Намояндаи Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид дархости Мамдонӣ барои боздошти Нетаняҳуро “намоиши сиёсӣ” хонд
Намояндаи доимии Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид дархости Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, аз давлати федералии Амрико барои боздошти Бинёмин Нетаняҳу дар ҷараёни сафари барномарезишудаи ӯ ба ин шаҳрро мавриди интиқод қарор додааст.
“Фокс Нюз” рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, гузориш додааст, ки Дани Данон, намояндаи Исроил дар Созмони Милал, дархости Мамдониро “намоиши сиёсӣ” тавсиф кардааст.
Ӯ дар вокуниш ба ин дархост гуфтааст, ки шаҳрдори Ню-Йорк бояд ба ҷойи пардохтан ба чунин мавзуъҳо, бар расидагӣ ба мушкилот ва нигарониҳои бошандагони ин шаҳр тамаркуз кунад.
Ин вокуниш пас аз он матраҳ шуд, ки Мамдонӣ аз давлати федералии Амрико хост, дар сурати сафари Нетаняҳу ба Ню-Йорк, ӯро боздошт кунад: дархосте, ки бо интиқоди мақомоти исроилӣ рӯбарӯ шудааст.
Зуҳрон Мамдонӣ гуфтааст, ки аз ҳукми боздошти Девони байналмилалии ҷиноӣ барои Нетаняҳу ҳимоят мекунад, аммо идораи шаҳрдории Ню-Йорк салоҳияти қонунии иҷрои ин ҳукмро надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”