Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ маълум шуданд
Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” номи барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаро нашр кард.
Манбаъ навиштааст, ки дар бахши адабиёт Саидзода Насруддин Саид барои романи "Нони шарикӣ” ва Раҳмонзода Давлаталӣ Мусо барои маҷмуаи шеърҳои “Номаи офтоб" Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакиро ба даст оварданд.
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ барандаи ҷоизаи мазкур Саидзода Фурқат Фатҳулло барои маҷмуаи сурудҳои “Сози ватандорӣ”, Қосимзода Шералӣ Файзалӣ барои маҷмуаи сурудҳои “Меъмори Истиқлол" ва Холиқов Исматулло Ҳикматуллоевич барои маҷмуаи сурудҳои “Чашмаи меҳр" шуданд.
Ҷоизаи мазкурро дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ Ҷӯраев Ғафур Ҳоҷиевич барои китоб-албоми “Живопись. Монументальная скульптура” сазовор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Раҳмонзода Абдусаттор барои маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳои “Хонаи мо - гулхона” сазовор дониста шудааст.
Муртазо Бахтиёр Қосим ва Мусозода Шералӣ Сафар барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии “Чароғафрӯзон” дар бахши журналистика барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардиданд.
Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Мамадназаров Абдусалом барои тарҷума ба англисӣ, пажуҳиш, чоп ва рӯнамоии асарҳои Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро", “Марги судхӯр”, “Исёни Муқаннаъ" ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” сазовор дониста шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”