Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Рубио: “Дипломатия бо Эрон ҳамчунон дар рӯйи миз аст”
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, иддао кардааст, ки Вашингтон ҳамчунон роҳи ҳалли дипломатиро дар қиболи Эрон дунбол мекунад, аммо иҷоза нахоҳад дод, ки Теҳрон бар тангаи Ҳурмуз назорат дошта бошад.
Рубио рӯзи чоршанбе дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Океан (АСЕАН) дар Филиппин ба хабарнигорон гуфта, ки Амрико дар ҳафтаи гузашта чандин бор бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар бораи таҳдидҳои “Ансоруллоҳ”-и Яман (Ҳусиҳо) алайҳи киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Бобулмандаб гуфтугӯ кардааст.
Ӯ бидуни ишора ба ҳамлаҳои ахири Амрико алайҳи Эрон иддао карда, ки Теҳрон пушти таҳаввулоти минтақа қарор дорад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунин, Эронро ба ҳимоят аз гурӯҳҳое, аз ҷумла “Ансоруллоҳ”-и Яман, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, гурӯҳҳои мусаллаҳи ироқӣ ва Ҳамос муттаҳам кардааст.
Бо вуҷуди ин, Рубио таъкид намудааст, ки Вашингтон ҳамчунон имкони дастёбӣ ба роҳи ҳалли дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг бо Эронро қобили таваҷҷуҳ медонад.
Ӯ гуфтааст: “Мо ҳамчунон барои дипломатия омода ҳастем ва Амрико мехоҳад бо Эрон ба тавофуқ даст ёбад”.
Рубио ҳамзамон иддао карда, ки Иёлоти Муттаҳида иҷоза нахоҳад дод Эрон бар тангаи Ҳурмуз назорат дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна иқдоми Эрон барои назорат бар киштиронии байналмилалӣ ва дарёфти ҳаққи убур аз киштиҳо “ғайри қобили қабул” аст.
Вай инчунин, бо ишора ба коҳиши эътимод миёни Теҳрон ва Вашингтон гуфта, ки сатҳи эътимод байни ду кишвар бисёр поин аст ва дар айни ҳол дигар кишварҳо низ бояд нисбат ба амнияти оброҳи байналмилалии Бобулмандаб ва тангаи Ҳурмуз ҳассос бошанд.
Рубио дар бахши дигари суханонаш иддао кардааст, ки иқтисод ва тавони низомии Эрон дар ҷараёни ҷанги ахир осебҳои қобили таваҷҷуҳ дидааст ва зерсохтҳои низомии ин кишвар низ хисороти сангин дидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад