Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ним сол беш аз 315 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи 286 тафтишу санҷиш 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст, ки аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Имрӯз, 22-юми июл дар нишасти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳукуматҳои маҳалли 118 ҷиноят, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ 38 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм 98 ҷиноят, Ширкати "Барқи тоҷик", ШТБ, ШИБ 34 ҷиноят, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 97 ҷиноят, соҳаи молия 28 ҷиноят, Кумитаи идораи замин 79 ҷиноят ва соҳаи мудофиа 27 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”