Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Украина ба таъсисоти логистикӣ ва барқи ҷануби Русия ҳамлаи паҳподӣ анҷом дод
Расонаҳои украинӣ иддао кардаанд, ки дар идомаи ҳамлаҳои паҳподии Киев ба дохили Русия, чандин таъсисоти логистикӣ ва зерсохтҳои барқ дар ҷануби ин кишварро ҳадаф қарор додаанд ва дар бархе минтақаҳо сӯхтор ва қатъи неруи барқ ба вуҷуд омадааст.
Ба гузориши “Киев Индепендент” (Kyiv Independent), бо истинод ба шабакаҳои иртиботӣ, ду пойгоҳи барқ дар шаҳри Массандра ва шаҳри ҳамҷавори Ялта бар асари ҳамлаи паҳподҳои украинӣ осеб дидаанд. Дар пайи ин ҳамла, барқ дар ҳар ду шаҳр қатъ шудааст.
Ҳамчунин, гузоришҳо аз қатъи неруи барқ дар шаҳри Алушта, воқеъ дар ҷануби нимҷазираи Қрим, пас аз ҳамлаҳои Украина ҳикоят доранд.
Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои телеграмӣ хабар додаанд, ки дар шаҳри Краснодар як маркази марбут ба фурӯшгоҳи интернетии русии Вайлдберриз, таваққуфгоҳи мошинҳои боркаш ва чанд бинои истиқоматӣ низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Бар асоси гузоришҳо, як маркази дигари логистикии ин ширкат дар шаҳри Невинномисск низ мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он сӯхтори густарда рух додааст.
Дар ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои мутақобилаи Русия ва Украина ба мавқеъҳои якдигар шиддат гирифтааст. Украина тайи моҳҳои охир ҳамлаҳои дурбурди худро ба аҳдофи низомӣ, саноатӣ ва энержӣ дар дохили хоки Русия ба таври чашмгир афзоиш додааст.
Пеш аз ин, Родион Мирошник, намояндаи вижаи Русия дар умури ҷанги Украина, дар вокуниш ба ҳамлаҳои паҳподии Киев таъкид карда буд, ки Маскав ба ҳамлаҳои Украина ба пойтахти Русия “посухи вижа” хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки Русия низ чанде пеш дар посух ба ҳамлаҳои дурбурди Украина, дар яке аз бузургтарин ҳамлаҳои мушакии худ ба Киев, даҳҳо мушакро ба сӯйи пойтахти Украина партоб карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”