Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯшон. Бо супориши Сарвари давлат хонаҳои аз офати табиӣ зарардида пурра барқарор мегарданд
Бинобар иттилои хадамаоти матбуоти раиси ВМКБ, дар натиҷаи якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо, 20-уми июл дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рӯшон сел омада, ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонид.
Дар ин росто, таҳти раёсати Шарифхон Сафарзода, раиси ВМКБ ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рушон баргузор гардида, гуфта шуд, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрушон 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар умум 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, хонаҳои сокиноне, ки аз офати табиӣ зарар диданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра барқарор карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ аз ҳамин рӯз, 22-юми июл оғоз мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”