Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Заҳрон Мамдонӣ: “Салоҳияти боздошти Нетаняҳуро надорам”
Заҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, мегӯяд, ки идораи ӯ салоҳияти қонунии боздошти Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро надорад.
Мамдонӣ рӯзи сешанбе, 21-уми июл, гуфт, ки аз ҳукми боздошти Девони байналмилалии ҷиноӣ барои Нетаняҳу ҳимоят мекунад, аммо идораи шаҳрдории Ню-Йорк салоҳияти қонунии иҷрои ин ҳукмро надорад.
Ӯ афзуд, ки давлати федералии Иёлоти Муттаҳида ин салоҳиятро дорад ва аз ин давлат хост, ки ба Девони байналмилалии ҷиноӣ бипайвандад ва ҳукми боздошти Нетаняҳуро иҷро кунад.
Интизор меравад Нетаняҳу дар моҳи сентябр барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кунад.
Мамдонӣ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки дар ҳоли баррасии имкони боздошти Нетаняҳу дар ҷараёни ин сафар аст: иқдоме, ки ӯ соли гузашта дар ҷараёни корзори интихоботии шаҳрдорӣ ваъда дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”