Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
33 рӯз дар роҳ. Чӣ гуна ду блогер аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда рафтанд?
Ду блогери ҷавон Улуғбек Норматов ва Сиёвуш Қодиров азм карданд, ки аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда бираванд. Онҳо масири мазкурро дар 33 шабонарӯз тай карданд ва аз ҷараёни сафарашон дар Инстаграм қариб 600 навор нашр намуданд.
Улуғбек Норматов дар мусоҳиба бо Dialog.tj нақл кард, ки чӣ гуна бо дӯсташ 900 километрро пиёда тай намуданд ва бо чиҳо рӯ ба рӯ шуданд.
- Дар блогинги тоҷик бештар ба наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ, тарбиявӣ ва омӯзишӣ таваҷҷуҳ карда мешавад. Бигӯед, ки идеяи пиёда аз Хуҷанд то Хоруғ рафтан чӣ гуна пайдо шуд?
- Ман дар шаҳри Хоруғ хизмати аскариро адо кардаам ва минтақаи мазкурро хеле зиёд дӯст медорам. Баъди бозгашт аз Русия, идеяи пиёда аз Хуҷанд то Хоруғ рафтан пайдо шуд. Сипас, фикрамро ба дӯстам Сиёвуш гуфтам. Ӯ қабул кард ва мо ба роҳ баромадем.
- Ин лоиҳаро аҳли оилаатон чӣ гуна қабул карданд?
- Азбаски ман варзишгар ҳастам ва дар мусобиқаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ иштирок кардаам, ин тасмимро аҳли оилаам хуб пазируфтанд. Онҳо ба ман бовар доранд.
- Шумо 33 рӯз дар роҳ будед. Оё тай кардани ин роҳ мушкил набуд?
- Чун ин лоиҳаро мо “Роҳ ба сӯйи орзуҳо” ном гузошта будем ва орзу доштем, ки аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда биравем, мушкилиеро эҳсос накардем. Мо сӯйи орзуямон қадам бардоштем ва ангезаи калон доштем. Мо дар дохили кишвари худамон будем ва дар ҳар гӯшаи диёр ҳамватанонамон бо мо меҳрубон ва хеле самимӣ буданд. Албатта, аз ҷониби дигар, дурӣ аз аҳли оила то андозае душвор буд, вале мо тавонистем, ки то охир роҳамонро тай кунем ва ба орзуямон бирасем.
- Роҳи тӯлониро тай кардед, оё дар сафар боре роҳро гум кардед?
- Не, роҳро гум накардем, зеро ҳам дар роҳ нишонаҳои зиёд аст, ҳам аз мардум пурсидем ва ҳам мақомот ба мо кумак карданд.
- Дар як шабонарӯз чанд соат роҳ мерафтед ва чанд соат истироҳат мекардед?
- Чанд соат роҳ рафтани мо аз вазъи ҳаво вобаста буд. Рӯзҳое, ки ҳаво на он қадар гарм буд, мо то 18 соат ҳам роҳ мегаштем. Чун роҳи дарозро тай кардан мехостем, ҳамеша кӯшиш мекардем, ки зиёд роҳ равем ва масофаро кам кунем. Ҳамчунин, медидем, ки обуначиёнамон дар Инстаграм ба мо суханҳои хубу рӯҳбахш мегӯянд, дучанд хурсанд шуда, ба пеш ҳаракат мекардем.
- Дар ин роҳи тӯлонӣ оё вазъи саломатиатон бад нашуд?
- Албатта, дар роҳ хасташавӣ буд, вале баръакс, пиёдагардӣ ба вазъи саломатиамон таъсири мусбат расонид ва ҳоло худамонро хеле хуб ҳис мекунем.
- Шабҳоро дар куҷоҳо рӯз кардед? Оё шаберо дар берун рӯз намудед?
- Шабҳо аҷиб гузаштанд. Боду ҳавои ватан дар шаб боз ҳам зеботару аҷибтар аст. Мо шабҳоро баъзан дар хонаҳои мардум, баъзан дар отряди сарҳадӣ ва баъзан дар берун рӯз кардем.
- Масъалаи хӯрокворӣ ва пур кардани қувваи телефонҳоро чӣ хел ҳал кардед?
- Шукр, дар роҳ дар масъалаи хӯрокворӣ тамоман танқисӣ накашидем, зеро ҳам мардум кумак мекарданд ва ҳам худамон аз мағозаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ харида мехӯрдем. Қувваи телефонҳоямон бошад, баъзан тамом мешуд ва то ёфтани ҷойи қуввамонӣ сабр мекардем.
- Дар умум, чанд километр роҳро тай намудед?
- Тахминан роҳи тайнамудаамон 900 километр буд.
- Чаро аз Хоруғ бо ҳавопаймо омадед?
- Аслан, идеяи мо аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда рафтан буд ва ният доштем, ки агар ба мақсадамон бирасем, бо ҳавопаймо бармегардем, чунки кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро аз баландӣ дидан мехостем. Ҳамин хел шуд, ки як навор гузоштем ва бо дӯстам Сиёвуш гарав бастем, ки агар аз 15 ҳазор бинанда зиёд бинад, ӯ билет мехарад, агар не, ман билетҳоро мегирам. Дар охир, ман шартро бой додам ва барои ҳар дуямон билет харидам.
- Аз ҷараёни сафаратон дар Инстаграм чанд навор нашр кардед?
- Хато накунам 570-580 навор нашр кардем. Ҳоло ҳамаи наворҳои гирифтаамонро нагузоштаем ва агар онҳоро гузорем, шумораашон аз 600 ҳам мегузарад. Ин сафар моро ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуб шиносонид. Пеш аз сафар дар саҳифаҳоямон беш аз 1000 обуначӣ доштем, вале ҳоло ман зиёда аз 14 ҳазор ва Сиёвуш беш аз 13 ҳазор обуначӣ дорем.
- Тахминан метавонед бигӯед, ки то имрӯз дар сафар чанд сомонӣ сарф кардед ва оё сарпараст доред?
- Ростӣ, сарфу харҷро пурра ҳисоб накардем, вале бояд бигӯям, ки дар ин сафар моро ширкати “Титан 8888” пурра сарпарастӣ кард. Ҳамчунин, вақте ки дар роҳ будем, ширкати “Сиёма” ва Душанбе Сити Бонк низ моро дастгирӣ намуд.
- Бигӯед, ки ин сафар ба шумо чӣ дод ва оё чунин сафарҳоро боз идома медиҳед?
- Маҳз бо шарофати ин сафар мо бо тарзи зиндагӣ, меҳмоннавозӣ, урфу одат ва расму оини минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик ошно шудем. Ҳамчунин, аз табиату ҳавои тоза кишвари биҳиштосоямон ҳаловат бурдем. Умед дорем, ки чунин сафарҳоро дар оянда низ идома медиҳем.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”


