Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил: Мамдонӣ бояд боздошт шавад
Изҳороти Заҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк дар бораи эҳтимоли боздошти Бинёмин Нетаняҳу, вокуниши тунди Дани Данон, намояндаи доимии Исроил дар Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳамроҳ доштааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Данон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфтааст, ки суханони Мамдонӣ дар бораи боздошти Нетаняҳу “як таҳдиди пуч” аст.
Мамдонӣ дар ҷараёни корзори интихоботии худ барои шаҳрдории Ню-Йорк борҳо ваъда дода буд, ки ба ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар бораи боздошти Нетаняҳу вобаста ба парвандаи эҳтимолии наслкушӣ дар Ғазза пойбанд хоҳад буд.
Ӯ ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” (The New York Times) гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии он аст, ки агар Нетаняҳу барои ширкат дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал ба Ню-Йорк сафар кунад, оё имкони боздошти ӯ вуҷуд дорад ё на.
Мамдонӣ гуфтааст: “Ман бовар дорам, ки ҷойи Нетаняҳу дар Гаага аст... Ӯ як ҷинояткори ҷангӣ аст, ки аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дорад”.
Ин изҳорот бо вокунишҳои густурда рӯбарӯ шудааст. Доналд Трамп низ дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навиштааст, ки Нетаняҳу “ба ҳеч шакл, сурат ё роҳе” ҳангоми ҳузур дар Амрико боздошт нахоҳад шуд ва афзудааст, ки ӯ дар ҳоли ҷанг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Пас аз ин изҳороти Трамп, Данон иддао кардааст, ки “ҳеч асоси ҳуқуқӣ” барои боздошти Нетаняҳу вуҷуд надорад.
Намояндаи Исроил дар Созмони Милал ҳамчунин, Мамдониро муттаҳам кардааст, ки барои ҷалби ҳимояти пойгоҳи раъйи худ ба “намоиши сиёсӣ” даст задааст.
Ӯ гуфтааст: “Касе, ки бояд боздошт шавад, на нахуствазири мо, балки шумо ҳастед, оқои Мамдонӣ”.
Данон дар поён таъкид кардааст, ки Нетаняҳу ба Ню-Йорк сафар хоҳад кард, дар Маҷмаи умумии Созмони Милал суханронӣ мекунад ва “ҳеч кас наметавонад аз ин кор ҷилавгирӣ кунад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”