Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз коҳиши ҷинояткорӣ то ҳалокати 287 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
Имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 11 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (13 ҳазору 89 ҷиноят) 1358 адад коҳиш ёфта, сатҳи кушодашавии онҳо 71 фоизро ташкил додааст.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби ноболиғон 405 ва аз ҷониби ҷавонон 1659 ҷиноят содир шудааст.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 292 адад силоҳи оташфишон мусодира гардида, зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 963 килограмм воситаҳои нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира карда гардидааст.
Афзуда шуд, ки бар асари 531 садамаи нақлиётӣ 287 нафар ба ҳалокат расида, 508 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 513 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳаҷми зарари расонидашуда аз ҳодисаҳои сӯхтор 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”