Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сенатори аршади Амрико: Ба ҷанг бо Эрон поён диҳед
Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократҳои Сенати Амрико, бо ишора ба афзоиши талафоти низомиёни амрикоӣ дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кишвараш хостааст, ки ба ин даргирӣ поён диҳад.
Ба гузориши хабаргузориҳои Амрико Чак Шумер рӯзи сешанбе, 21-уми июл, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” чунин навишта аст: “Ҳар сонияе, ки Доналд Трамп ҷанги худро алайҳи Эрон тӯлонитар мекунад, неруҳои мо як сонияи дигар дар маърази хатар боқӣ мемонанд”.
Ӯ афзуда, ки демократҳо дар Сенат ҷумҳурихоҳонро водор хоҳанд кард, то бори дигар барои поён додан ба ҷанг ва бозгардондани неруҳои амрикоӣ ба кишвар раъй диҳанд.
Чак Шумер дар поёни паёми худ таъкид кардааст: “Дигар бас аст: ба ин ҷанг поён диҳед”.
Ин сенатори амрикоӣ пештар низ пас аз азсаргирии даргириҳои низомӣ миёни Амрико ва Эрон аз Кохи Сафед хоста буд, ки ҷангро хотима диҳад. Ӯ гуфта буд, ки тавофуқи миёни Вашингтон ва Теҳрон хеле зуд аз ҳам пошид ва Конгресс барои хориҷ кардани неруҳои амрикоӣ аз минтақаи даргирӣ ва поён додан ба ҷанг раъй додааст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Амрико ва Эрон дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфта, ҳамлаҳои мутақобили ду тараф ба пойгоҳҳои низомӣ ва мавзеъҳои якдигар идома дорад.
То кунун Кохи Сафед ба ин изҳороти Чак Шумер вокуниши расмӣ нишон надодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”