Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: Се пойгоҳи муҳимми Амрико дар Кувайт ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ қарор гирифтанд
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, ки дар марҳилаи нуздаҳуми амалиёти “Соъиқа”, се пойгоҳи муҳимми низомии Амрико дар Кувайтро бо паҳподҳо ҳадаф қарор додааст.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, равобити умумии артиши Эрон рӯзи сешанбе, 21-уми июл, гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо дар посух ба он чи “шароратҳо ва нақзи паймонҳои пайдарпайи Амрико” анҷом шудаанд.
Бар асоси иттилоияи артиши Эрон, биноҳои идорӣ ва антенаҳои раҳёб дар пойгоҳи Арифҷон, таваққуфгоҳи чархболҳо дар урдугоҳи Ал-Удайрӣ ва бинои истиқрори неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Аҳмад ал-Ҷобир ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ қарор гирифтаанд.
Артиши Эрон таъкид кардааст, ки пойгоҳи Арифҷон аз бузургтарин марказҳои истиқрори неруҳо ва ситоди фармондеҳии неруи заминии Амрико дар ҷанубу ғарби Осиё ба шумор меравад. Ба гуфтаи ин ниҳод, урдугоҳи Ал-Удайрӣ низ маҳалли истиқрори чархболҳои “Апаче”, “Чинук” ва “Блэк Хоук”-и неруҳои баҳрӣ ва ҳавоии Амрико мебошад.
Ҳамчунин, дар иттилоия омадааст, ки пойгоҳи Аҳмад ал-Ҷобир нақши калидӣ дар таъминот ва пуштибонии амалиётҳои низомии Амрико дар ғарби Осиё дошта, дар амалиётҳои ҳавоӣ ва назоратии ин кишвар саҳми муҳим мебозад.
Артиши Эрон дар поёни иттилоияи худ таъкид кардааст, ки амнияти минтақа дар пайи амали неруҳои амрикоӣ халалдор шудааст ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар барои барқарории амният ва оромиш дар минтақа ба амалиётҳои худ идома медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”