27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
21.07.2026 10:14

Омори тозаи Пентагон: Наздик ба 100 низомии Амрико дар ҷанг бо Эрон захмӣ шуданд

Пентагон эълом кардааст, ки дар ду ҳафтаи гузашта, наздик ба 100 низомии амрикоӣ дар ҷараёни ҷанг бо Эрон захмӣ шудаанд.

Пентагон рӯзи душанбе, 20-уми июл, эълом кард, ки ин талафот дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба мавзеъҳои низомии Амрико сабт шудааст: оморе, ки нишондиҳандаи шиддати ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа мебошад.

Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки артиши Амрико ҳувияти ду сарбози кушташуда дар ҳамлаи маргбори шоми ҷумъаро низ эълом кардааст.

Ҳамчунин, давлати Доналд Трамп тайи чанд рӯзи гузашта аз ироаи ҷузъиёт дар бораи шумори низомиёни захмӣ худдорӣ карда буд.

Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон, дар саҳифаи “Х” навишт: “Аз 7-уми июл то кунун, наздик ба 100 низомии амрикоӣ дучори дараҷаҳое аз осебдидагӣ шудаанд”.

Бар асоси омори нашршуда аз сӯйи Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳида, аз оғози ҷанг дар 28-уми феврал то кунун 18 низомии амрикоӣ кушта ва 447 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.