Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сипоҳи посдорони Эрон аз ҳамла ба Кувайт ва Баҳрайн хабар дод
Сипоҳи посдорони Эрон эълом кардааст, ки пойгоҳи Ал-муҳаррақи Баҳрайн ва як радараи дифои мушакии Амрико дар пойгоҳи Алӣ ас-Солими Кувайтро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор додааст.
Хабаргузории “Форс”, субҳи рӯзи сешанбе, 21-уми июл, гузориш додааст, ки ҳамлаҳои Сипоҳи посдорон дар посух ба ҳамлаҳои артиши Амрико ба Эрон сурат гирифтааст.
Бар асоси гузориш, Сипоҳи посдорон таъкид кардааст, ки як сомонаи радарии дурбурд, як маркази иттилоотӣ, сомонаҳои дарёфти моҳвораӣ ва як радари мушакии Амрикоро нобуд кардааст.
Сипоҳ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки як сомонаи дифои ҳавоии Патриоти Амрико дар Ар-Рифои Баҳрайн ҳадафи ҳамлаи ҳамзамони мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифта, нобуд шудааст.
Бо ин ҳол, даргирӣ миёни Эрон ва Амрико бар сари назорати тангаи Ҳурмуз, пас аз як тавофуқи кӯтоҳи оташбас, башиддат афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”