Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Се медалу як ифтихорнома. Дастоварди хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии математика
Аз 10-ум то 21-уми июли соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин 67-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (International Mathematical Olympiad – IMO) баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон се медал ва як ифтихорнома ба даст овард.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 Ифтихорнома (Honourable Mention) гардид.
Гуфта мешавад, ки Олимҷон Тухтаров соҳиби медали нуқра гардида, дар раддабандии инфиродӣ мавқеи баландро ишғол намуд. Инчунин, Юсупов Меҳрубон ва Абдуллоев Хусрав бо нишон додани донишҳои фарохи математикӣ сазовори медалҳои биринҷии олимпиада шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Олимпиадаи байналмилалии математика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои зеҳнии ҷаҳон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба шумор рафта, имсол дар он 117 даста ширкат варзида, иштирокчиён аз рӯйи шаш масъалаи мураккаби математикӣ дар ду рӯзи озмун байни ҳам рақобат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”