Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Суръати рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоизро ташкил дод
Тибқи иттилои Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми нимсолаи якуми соли равон дар кишвар суръати рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 10,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4 фоиз, гардиши савдо 26,1 фоиз, боркашонӣ 14,7 фоиз ва мусофиркашонӣ 8 фоиз таъмин гардид.
Дар ин росто, гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 миллиарду 820 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё 2 миллиарду 88 миллиону 900 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки содироти молу маҳсулот 1 миллиарду 580 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,4% ё 624,7 миллион доллар афзуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”