Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бёрнэм нахуствазири Британия шуд
Эндрю Бёрнэм, раҳбари нави Ҳизби коргари Британия, бо ҳукми подшоҳи ин кишвар ба ҳайси нахуствазири нав таъйин шуд.
Эндрю Бёрнэм пас аз дидор бо шоҳ Чарлз III маъмури ташкили давлат шуд ва ба бинои рақами 10-и Даунинг-стрит рафт. Ӯ ҳафтумин нахуствазири Британия дар як даҳаи ахир ба шумор меравад ва акнун бояд ҳайати кобинаи нави худро муаррифӣ кунад.
Интизор меравад, ки раванди муаррифии вазирони аршад дар соатҳои оянда оғоз шавад ва таркиби асосии давлати нав то поёни рӯз мушаххас гардад.
Дар низоми парлумонии Британия, вазирон ва муовинони вазир умуман аз миёни намояндагони Маҷлиси умумӣ ва Маҷлиси аъён интихоб мешаванд. Аз ҳамин рӯ, раванди ташкили давлат одатан бо суръат анҷом мешавад.
Эндрю Бёрнэм рӯзи ҷумъаи гузашта дар конфронси вижаи Ҳизби коргар ба ҳайси ҷонишини Кир Стармер муаррифӣ шуд. Интихоби ӯ пас аз он қатъӣ гардид, ки дигар рақиби ҷиддие барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ боқӣ намонд ва ҳизби ҳоким бидуни баргузории раъйгирии умумӣ миёни аъзои худ, раҳбари навро интихоб кард.
Кир Стармер чанд ҳафта пеш, дар пайи афзоиши фишорҳои сиёсӣ ва дохилиҳизбӣ, эълом карда буд, ки аз раҳбарии Ҳизби коргар канорагирӣ мекунад, аммо то таъйини ҷонишин дар мақоми нахуствазир боқӣ монд. Ӯ рӯзи душанбе бо ҳузур дар қасри подшоҳ истеъфои расмии худро тақдим кард ва ба давраи нахуствазирии худ поён дод.
Шикастҳои сангини Ҳизби коргар дар интихоботи маҳаллӣ, коҳиши маҳбубияти давлат, рушди Ҳизби ислоҳи Британия, норизоятӣ аз сиёсатҳои иқтисодӣ ва эътирозҳо ба равиши Лондон дар қиболи ҷанги Ғазза аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки мавқеи Стармерро заиф карда, дар ниҳоят ӯро водори истеъфо карданд.
Эндрю Бёрнэм, ки пештар шаҳрдори Манчестери Бузург буд, пас аз бозгашт ба Маҷлиси умумӣ ба гузинаи аслии ҷонишинии Стармер табдил шуд. Ӯ дар ҳоле раҳбарии давлатро бар уҳда мегирад, ки иқтисоди Британия бо касри буҷа, афзоиши қарзҳои давлатӣ, таваррум, болоравии харҷҳои зиндагӣ ва эҳтимоли эътирози кормандони бахши давлатӣ рӯбарӯст.
Нахуствазири нав ҳамчунин, бо парвандаҳои душвор дар сиёсати хориҷӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Равобити пурфарозу нишеби Лондон бо Вашингтон дар давраи раёсати ҷумҳури Доналд Трамп, ҷанги Украина, идомаи ҷанги Ғазза, таҳаввулоти Ховари Миёна ва паёмадҳои ҳамлаҳои Амрико ба Эрон бар бозорҳои энержӣ аз ҷумлаи муҳимтарин чолишҳои давлати нави Британия дониста мешаванд.
Эндрю Бёрнэм пештар аз кундии вокуниши Ҳизби коргар ба ҷанги Ғазза изҳори таассуф карда, аз эҳтимоли вуқуи ҷиноятҳои ҷангӣ дар ин минтақа сухан гуфта буд. Ӯ ҳамчунин, ваъда додааст, ки давлати ӯ дар қиболи ба ҷавобгарӣ кашидани Исроил мавқеи сахтгиронатареро дар пеш хоҳад гирифт.
Нахуствазири нав то поёни давраи кунунии парлумон дар соли 2029 фурсат дорад, то суботро ба давлат бозгардонад ва эътимоди аздастрафтаи раъйдиҳандагонро эҳё кунад: вазифае, ки бо таваҷҷуҳ ба бесуботии сиёсии Британия дар солҳои пас аз Брекзит, осон нахоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”